«Созандагони Ватан» дар Вазорати энергетика ва саноат
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Оли Сомон» баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсиси бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Бақо Ҳотамов ва 43 нафар корманди ҷавони дастгоҳи Вазорат иштирок намуданд.Сараввал Адҳам Мирсаидов вобаста ба ҳадафу барномаҳо ва корҳои анҷомдодаи ташкилот маълумот дод. Авазбек Пӯлодов, Замира Ғоибова ва Файзиддин Раҳмонов таъсиси бахши созмони мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва ҳамкорӣ омодагии худро баён доштанд. Бо таклифу ҷонибдории кулли иштирокчиён Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ роҳбари бахш ва Нуринисо Ширинбекова муовини роҳбари бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» ба иштирокчиёни китоби «Як сол бо ҷавонон» тақдим гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






