«Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқҳои инсон»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар меҳмонхонаи «Каён»-и пойтахт дар мавзӯи «Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқҳои инсон» семинар баргузор гардид. Машғулияти амалӣ масъалаҳои муҳим аз қабили амалиётҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди терроризм, идоракунии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва «Стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи байналмилмилалии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми ҳабс кардан, дар ҳабс нигоҳ доштан ва истифодаи қувва ва аслиҳаи оташфишон»-ро низ дар бар гирифт. Дар семинар Вакили Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх доир ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ Даниел Агоб ва кормандон аз 10 раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар иштирок намуданд намуданд.Оид ба ислоҳоти политсия, стратегия ва роҳҳои ҳалли проблемаҳо муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Зумрад Солиева ва афсари робита бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ҳайдар Маҳмадиев маърӯза карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






