«Суғд семент» ба фаъолият шуруъ намуд

Октябрь 29, 2012 17:14

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз корхонаи сементи ҶДММ «Суғд семент» ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими кушоиш ва ба фаъолияти мунтазам оғоз намудани корхона Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуд.Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, корхонаи семент ба истеҳсоли таҷрибавию озмоишии семент рӯзи 27 августи соли 2012 оғоз намуда буд. Иқтидори солонаи истеҳсолии марҳилаи аввали корхона 100 ҳазор тонна сементро ташкил дода, дар айни замон 142 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Завод бо маблағгузории сармоягузори ватанӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти он бо маблағи 1842000 долл. ИМА аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.Марҳилаи дуюми бунёди корхона баъди ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами марҳилаи аввал оғоз шуда, иқтидори он истеҳсоли 1 миллион тонна сементро дар як сол дар бар мегирад. Роҳбарияти корхона ба нақша гирифтааст, ки бо афзоиши истеҳсолии корхона шумораи ҷойҳои кориро ба 300 нафар расонад.

Октябрь 29, 2012 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд