«Султони заҳмат»-ба забони тоҷикӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар нашриёти «Шоҳпар» таҳти унвони «Султони заҳмат. Нурсултон Назарбоев-заҳматкаши арсаи сиёсат» дар шакли очеркҳои бадеию сиёсӣ китоби нав ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Матни русии он моҳи июни соли равон мунташиру муаррифӣ шуда буд. Муаллифи асар нависандаи шинохтаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ буда, ӯ очеркҳояшро дар ҳамкории эҷодӣ бо мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода иншо намудааст. Китоб ба марҳилаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти давлатии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва тасвири чеҳраи хоси инсонӣ ва сиёсии ӯ дар маснади пешвои умумимиллии кишвараш бахшида шудааст.Имрӯз дар бинои сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо ибтикори сафири ин давлат Агибой Смагулов маросими рӯнамоии китоби мазкур баргузор шуд, ки дар он теъдоди зиёди роҳбарону намояндагони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, изҳори андеша карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






