Суръати баланди пармакорӣ дар нақби «Чормағзак»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар нақби «Чормағзак» аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмон то имрӯз ба масофаи 3 ҳазору 735 метр пармакорӣ сурат гирифта, 3 ҳазору 380 метр бетонрезӣ шудааст. Барои анҷоми сохтмон бояд ҳамагӣ 695 метр пармакорӣ ва 1 ҳазору 50 метр бетонрезӣ шавад.Қобили зикр аст, ки баъди ба истифода додани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи лоиҳа масофаи умумии ин нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи ҳукумати Чин бунёд мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 64 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






