Тақвияти ҳамкориҳои ду вилояти ҳамҷавор

Октябрь 11, 2012 14:00

Хоруғ, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар шаҳри Хоруғ нишасти ҳайати комиссияи муштараки байнивилоятӣ таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва волии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шоҳвалиуллоҳи Адиб баргузор шуд.Раиси ВМКБ Қодири Қосим ҳайати комиссияи ҷониби Афғонистонро ҷиҳати ташрифашон ба шаҳри Хоруғ хайрамақдам гуфта, баҳри тақвияти ҳамкориҳо байни ду вилояти ҳамҷавор изҳори уиедворӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими ҳамкориҳои густурда дар заминаи тақвияти марз ва дигар масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дахл карданд.Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масофаи беш аз 800 километр марзи муштарак дошта, ба ин далел тақвияти марзи ҳар ду кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои аслии ин мулоқот буд.Ҳамчунин ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию ичтимоӣ ва фарҳангӣ, бунёди пулҳои нақлиётӣ бар болои рӯдхонаи Панҷ ва таъсиси бунгоҳҳои тиҷоратии наздимарзӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Зикр шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамчунин дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар радифи пули мошингард аз болои дарёи Панҷ бозори дигари наздимарзӣ бунёд мегардад. Гуфта шуд, ки бо ба истифода додани ин нуқтаи тиҷоратӣ беш аз 70 ҳазор нафар сокини ҳар ду вилоят ба тиҷорат ҷалб хоҳанд шуд.Дар мулоқот раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов ва сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ Амирбек Бекназаров ширкат варзида, аз ҳамкориҳои байни мақомоти ҳар ду вилоят дар заминаи тақвияти марз ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ сухан гуфтанд.

Октябрь 11, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад