Таҷлили иди миллии Тоҷикистон дар Берлин

Октябрь 9, 2012 10:50

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Сафорати Тоҷикистон дар бинои «Дойче Банка» — и шаҳри Берлин ба муносибати 21 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабул орост. Дар ин маросим намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аҳли тиҷорат, олимони маъруфи Олмон, аъзои Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷик, намояндагони матбуот ва созмонҳои ҷамъиятии Олмон ширкат доштанд.Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федератвии Олмон Имомуддин Сатторов меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишвар нақл кард. Дипломати тоҷик ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва аҳли тиҷорати Олмон барои иштироки фаъолона ва мададашон ба иҷрои вазифаҳои таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 9, 2012 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад