Таҷлили иди миллии Тоҷикистон дар Берлин
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Сафорати Тоҷикистон дар бинои «Дойче Банка» — и шаҳри Берлин ба муносибати 21 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабул орост. Дар ин маросим намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аҳли тиҷорат, олимони маъруфи Олмон, аъзои Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷик, намояндагони матбуот ва созмонҳои ҷамъиятии Олмон ширкат доштанд.Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федератвии Олмон Имомуддин Сатторов меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишвар нақл кард. Дипломати тоҷик ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва аҳли тиҷорати Олмон барои иштироки фаъолона ва мададашон ба иҷрои вазифаҳои таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






