Таҷлили Рӯзи Ҷалолиддини Румӣ дар Қӯрғонтеппа
Қӯрғонтеппа, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – 29 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа Рӯзи Ҷалолиддини Румӣ таҷлил гардид. Дар ин ид ба ифтихори зодрӯзи классики адабиёти форсу тоҷик дар назди ҳайкали ёдгории ӯ воқеъ дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа порчаҳо аз ашъори шоири бузург қироат шуда, дастаи фалаксароён барномаи ҷолиби консертиро намоиш доданд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни суханрониаш саҳми бузурги Ҷалолиддини Румӣ ба рушди адабиёту фарҳанги ҷаҳонро қайд намуда, гуфт, ки асарҳои шоири безавол дар рӯзҳои мо ҳам аҳамияти бузург доранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






