Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми кишварро бо фаро расидани солгарди навбатии Рӯзи забон, ки аз соли 2009 ба ин сӯй 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номид.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун дар қаламрави васеи Мовароуннаҳру Хуросон ёдовар шуда, ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуд.Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зикри супоришҳои иҷрошудаи худ доир ба таҳияи Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифаҳои нав гузошт.Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои нашри Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.Ба Вазорати маориф супориш дода шуд, ки дар иртибот ба таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳо андешад.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои ҳатмии муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро таъмин намоянд.Бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги номгузории ноби тоҷикӣ таъкид гардид, ки ба номгузории корхонаю муассиса, ширкатҳо, мағозаю дӯконҳо ва навиштани шиору овезаҳо дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забонҳои хориҷӣ роҳ дода нашавад.Ба хотири татбиқи фарогир ва муассири Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсан ба ӯҳда гирифта, ҳар нимсола доир ба иҷрои Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ ба Ҳукумати кишвар гузориш пешниҳод намоянд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои деҳот низ бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд.Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии миллат ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон номида, аҳли толор ва мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба ин забони ноб ва фарҳанги пурғановати тоҷикон даъват намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






