Таҷлили солгарди маркази «Сомониён»

Октябрь 30, 2012 15:57

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 28 октябр сокинону меҳмонони шаҳри Ярославли Федератсияи Русия шоҳиди консерти ҷолиби ҳунарпешагони тоҷик гардиданд. Созмони ҷамъиятии Маркази миллии фарҳангии «Сомониён», ки узви Маҷмаъи халқҳои Русия мебошад, даҳсолагии таъсисёбии худро бо ҳамин чорабинӣ оғоз намуд. Тавре ки роҳбари марказ, узви Шӯрои ҷамъиятии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили байналмилалии назди ҳокими вилояти Ярославл Рустам Мирзохоҷаев қайд намуд, Маркази миллии фарҳангии «Сомониён» — и тоҷикон маъвои меҳмоннавози ҳамаи ҳаводорони таърихи сарзамини қадимии тоҷикон маҳсуб меёбад. Таҷлили чунин идҳо ба рушду густариши муносибатҳои мутақобила дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва ҳамкории байни миллатҳо мусоидат мекунад.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Созмони қарзҳои бонкии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «МИГОМ» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 30, 2012 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд