Таъйиноти нави кадрӣ дар соҳаи радио ва телевизион
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Саидова, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон фаъолият дошт, ба вазифаи сармуҳаррири идораи «Субҳ»-и Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон таъйин гардид.Ҳамчунин имрӯз бо фармони дигари раиси Кумита Шоҳҷон Шоҳҷонов муовини директори КВД кино ва видеои «Тоҷиккино» таъйин карда шуд. Ш. Шоҳҷонов то ин муддат дар вазифаи муовини директори Радиои Тоҷикистон ифои хизмат мекард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






