Тайёрии дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Октябрь 30, 2012 15:57

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Никола Кавазович рӯйхати 24 нафар бозингаронеро, ки дар вохӯрии рафиқона бо дастаи мунтахаби Эрон (6 ноябр) иштирок менамоянд, номбар кард. Ба он 4 бозингари нав — ниммуҳофизатгари дастаи «Истиқлол» Умедҷон Шарифов, дарвозабони дастаи «Истаравшан» Фаррух Бердиев, ҳамчунин бозингарони дастаи «Вахш» Наим Ӯлмасов ва Ҷамолиддин Зардиев шомиланд.1 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагиро ба вохӯрии рафиқона бо дастаи миллии Эрон оғоз менамояд. Футболбозони мо дар меҳмонхонаи дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ҷамъ омада, худи ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ машқ мекунанд. Рӯзи шанбеи 3 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Теҳрон рафта, 6 ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ» бо дастаи мунтахаби Эрон қувваозмоӣ менамояд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 30, 2012 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш