Такмили ихтисоси кормандони АНММ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Моҳи октябри соли ҷорӣ як қатор кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинарҳои таълимӣ малакаҳои худро такмил доданд. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Анқараи Туркия тренинги таълимӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон Зафар Сайфуллоев иштирок дошт. Сардори Ситоди Агентии назорати маводи мухаддир Фарҳод Саъдуллоев дар ҳамоиши аъзои роҳбарикунандаи Комиссияи Иттиҳоди гумруки кишварҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, ки аз 8 то 14 октябри соли ҷорӣ дар Олмон ва Чехия давом мекунад, иштирок дорад. Ғайр аз ин шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар ҶТ барои кормандони марказҳои матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари дуҳафтаина ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд. Иштирокдорони ин сафар бо кори ҳамтоёни худ аз Вазорати адлияи ИМА, Бюрои федералии тафтишот, ҳамчунин Маъмурияти мубориза бо маводи мухаддир шинос шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






