Такмили малакаи хидматчиёни давлатии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2012 10:24

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш Пажӯҳишгоҳи сиёсат ва идораи давлатӣ зимни ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси хидматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дурӯза дар мавзӯи «Стратегияи миллии ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» — ро доир намуд. Семинар ба масоили сиёсати бахши тиҷорат ва гуфтушунидҳо бахшида шуда буд, ки дар он хидматчиёни давлатӣ, аҳли тиҷорат, ҳамчунин коршиносони мустақили Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доштанд. Дар семинар стратегияи миллии кишвар аз рӯи бархе масъалаҳои асосии тиҷорати минтақавӣ, аз ҷумла тақвият бахшидани нерӯи содиротии кишвар, стратегияи мушорикати давлатию инфиродӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Октябрь 11, 2012 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад