Тамоюли нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ

Октябрь 31, 2012 17:13

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар давоми нуҳ моҳи соли 2012 раванди рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши муътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз департаменти сиёсати пулии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд: «Ҳаҷми ММД дар давраи баррасишаванда ба 24,8 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла гардиши савдои чакана 18,2 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,4 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,8 фоиз ба қайд гирифта шуд. Мутобиқи «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ» нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, аз қабили захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ ва дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 мувофиқан 32,4 фоиз, 32,0 фоиз ва 29,8 фоиз афзуданд. Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, ки бо истифода аз воситаҳои монетарӣ сурат мегирад, ба муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, рушди бозори коғазҳои қиматнок, таҳкими бозори дохилии асъор, нигоҳ доштани устувории низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва мусоидат ба бахши воқеии иқтисодиёт равона шудааст.

Октябрь 31, 2012 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад