Танини оҳангҳои аврупоӣ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз бо ибтикори маркази фарҳангии «Бохтар» ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон шоми мусиқии камерии Аврупо бахшида ба ҳафтаи «Аврупо-2012» дар маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор мегардад. Дар консерт асарҳои мусиқии Мосарт, Верди, Бах, Канио, Фалео, Ҷордани, Каэмферт, Россини, Монюшко садо медиҳанд. Оҳангу сурудҳоро гурӯҳи созҳои тории Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар ҳайати И.Саидов, М.Сангинов, З.Раҳмонова, Л.Саидова, ҳамчунин солистони номии театр Бурҳон Мамадқулов, Содиқ Нуруллоев, Ирина Колесникова ва дигарон иҷро мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори «АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






