Ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҶТ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – 5-уми октябр соли ҷорӣ Хадамоти алоқа доир ба ҷорӣ намудани стандарти миллӣ дар системаи компютерӣ машғулияти амалӣ мегузаронад. Машғулияти амалӣ ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми апрели соли 2008 дар бораи «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011 оид ба «Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар ҶТ» доир мегардад. Дар машғулият шахсони масъул бояд маълумотро оид ба сатҳи ташаккули ҳукумати электронӣ дар вазорату идораҳои худ дошта бошанд. Мақсад аз баргузории машғулият омӯхтани барномаҳои интернети бо забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои ҳукумати электронӣ мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






