Таъсиси гурўҳҳои корӣ дар парлумони кишвар
Душанбе, 30 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маҷмўи масъалаҳое, ки 30 октябр дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон матраҳ гардид, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд, иттилоъ медиҳад Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар. Мавсуф зикр кард, ки аъзои Шўро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нафт ва газ»-ро баррасӣ намуданд. Аъзои Шўро ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таъсиси гурўҳи корӣ ҷиҳати такмили лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи адабиёти таълимӣ»- ро муҳокима намуданд. Дар рўзномаи ҷаласа, инчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дарҷ гардида буд, ки он ҳам матраҳ гардид.








ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






