Татбиқи лоиҳаи кори бехатар

Октябрь 2, 2012 13:53

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 1 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов бо намояндагони лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат баргузор гардид.Мақсад аз ин мулоқот арзёбии фаъолияти лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат – «Рафъи бӯҳрон ва таъмини кори арзандаю бехатар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он бо иштироки коршиноси байналмилалӣ Волфганг Швеглер – Ромес роҳандозӣ шуд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони бахши ҳифзи меҳнат кифоят намекунанд. Муродалӣ Солеҳов бо назардошти ин хоҳиш намуд, ки дар доираи лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат марказҳои тарбияи мутахассисони ҷавони ин соҳа таъсис дода шаванд.

Октябрь 2, 2012 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш