Театри Хоруғ дар Алмаато
Хоруғ, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Соли 2010 бо ибтикор ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ азнав таъмиру таҷдид шуд. Бо навсозии театр фаъолияти он хеле беҳтар гардид. Ҳайати театр 19 – уми октябр ба сафари шаҳри Алмаато мебарояд. Мурод аз сафар иштирок дар фестивали театрҳои касбии Осиё мебошад. Ин нахустин сафари қисмати драмавии театри номбурда ба кишварҳои бурунмарзист. Ба гуфти муовини директори театр Ҷобиршоҳ Хубоншоев фестивал аз 21 то 29 октябр идома меёбад. Дастаи драмавии театр дар фестивал аз номи Тоҷикистон бо асари саҳнавии Тоҳир Маҳмадризов «Парӣ» ҳунарнамоӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






