Тоҷикистон дар «Осмони соф»

Октябрь 3, 2012 16:25

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 5 то 16 октябр дар ҳарими ҳавоии се кишвар — Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон машқҳои муштараки «Осмони соф» доир мегарданд.
Ба гуфти Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа машқҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯби низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ барои соли 2012 гузаронида мешавад.Дар машқҳо қувваҳои ҳавоии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок менамоянд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ин машқҳо Тоҷикистонро гурӯҳи фаврии Қувваҳои мусаллаҳи ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии ҷумҳурӣ зери роҳбарии муовини Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳанг Саидаҳмад Умаров намояндагӣ мекунад.

Октябрь 3, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш