Тоҷикистон дар остонаи ҷашни муборак
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо -5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли равон таҷлили ин сана ба 60-умин солгарди зодрўзи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Се сол муқаддам, аниқтараш соли 2009 парлумони кишвар қонуни навро «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. Моҳи июли соли 2011 Сарвари давлати Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби парлумони мамлакат бо ворид намудани тағйирот қабул гардида буд, имзо кард. Тибқи тағйирот ба санадҳои мазкур ҳамасола дар кишвар 5 октябр ҳамчун Рўзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Қаблан дар замони Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забони давлатӣ»-ро қабул намуда буд. Дар робита ба таҷлили Рўзи забони давлатӣ имрўз, 4 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли илму фарҳанги кишвар баргузор мегардад. Ҳамзамон барномаи идонаи адабию фарҳангӣ бо ширкати беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ, дастаҳои рақсию овозӣ маҷлиси тантанавиро шукўҳи хосса мебахшад. Чорабинии идона бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги мамлакат созмон дода шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






