«Тоҷикистон дар рақамҳо»

Октябрь 17, 2012 08:30

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати таъҷилии матбааи Маркази корҳои ҳисобӣ (МКҲ)-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи мухтасари оморӣ- «Тоҷикистон дар рақамҳо»-ро бо теъдоди 200 нусха аз чоп баровард,- иттилоъ доданд дар МКҲ-и Агентии омор ба мухбири АМИТ «Ховар».Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмӯаи мазкур нишондиҳандаҳои асосие рӯи чоп оварда шудаанд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикстонро дар соли 2011 дар муқоиса бо солҳои пешин тавсиф менамоянд.Маълумоти дар маҷмӯа овардашуда хусусияти ҷуғрофӣ, иқлим ва ҳудуди маъмурии ҷумҳуриро низ дар бар гирифтааст. Дар маҷмӯа дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат иттилооти муҳим гирд оварда шудаанд, ки мутахассисони Агентии омори назди Президенти ҶТ дар асоси маълумоти ба даст овардаи мақомоти худ аз корхонаю ташкилот, аҳолӣ, идораю вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф, тандурустӣ, рушди иқтисод, энергетика ва ғайраҳо)таҳия намудаанд.Дар маҷмӯа дар бораи се бахши асосӣ — аҳолӣ, машғулияти аҳолӣ, шароити зиндагӣ (иҷтимоӣ ва иқтисодиёти он) иттилоъ дода шудааст.Маҷмӯа барои оммаи хонандагоне, ки хоҳиши гирифтани маълумоти мухтасарро дар бораи ҶТ оид ба аҳолӣ, маориф, меҳнат, даромаду хароҷоти аҳолӣ, музди кор, нархҳои истеъмолӣ, таъминоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, шароити манзили аҳолӣ, ҷинояткорӣ, экология, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо, хизмати пулакӣ, савдои хориҷӣ, молия ва қарз, қурби асъор, боигарии наботот ва олами ҳайвонот, маъдан, кӯл, дарё ва ғайраро доранд, кӯмакрасони аввалиндараҷа хоҳад буд.

Октябрь 17, 2012 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд