В. ПУТИН: «Мо ба ҳамаи пешниҳодҳои Шумо розием»
Суҳбати як ба яки Э.Раҳмон ва В.Путин хеле самимона ҷараён гирифт. Э.РАҲМОН: Мӯҳтарам Владимир Владимирович! Хуш омадед ба Тоҷикистони офтобрӯяи меҳмоннавоз. Ҳамаи мо интизори омадани Шумо будем.Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст. Мо ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо Русия сидқан манфиатдорем. Умедворем, ки чунин манфиатдорӣ дуҷониба аст. Ташрифи Шумо ба 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон рост омад. Ин ташриф имконияти хубест барои муҳокимаи тамоми маҷмӯи вазъи ҳозираи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон.Шуморо дар сарзамини Тоҷикистон бори дигар аз самими қалб хайра мақдам мегӯям.В.ПУТИН: Як ҷаҳон ташаккур! Эмомалӣ Шарифовичи азиз! Ташрифи мо на фақат дар соли имзои созишномаҳои муҳими байнидавлатӣ, балки дар рӯзи ҷашни Шумо ҳам сурат мегирад. Бинобар ин ман шахсан аз номи худам, аз номи ҳамаи ҳайатамон ва аз номи ҳамаи мардуми Русия Шуморо бо Рӯзи таваллудатон муборакбод мекунам.Ман ҳамеша медонистам, ки Шумо шахси хирадмандед. Шумо моро маҳз дар Рӯзи таваллудатон даъват намуда, метавон гуфт, ки моро фирефта кардед, зеро дар Рӯзи таваллуд ҳеҷ чизро дареғ доштан мумкин нест! Мо ба ҳамаи пешниҳодҳои Шумо розием. Вале агар ҷиддан бигӯям, ҳамтоён — коршиносони мо дар сатҳи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар, дар сатҳи вазорату идораҳо басо хуб кор карда, ҳуҷҷатҳои хубу пурарзишро таҳия намудаанд. Медонам, ки ҳанӯз баъзе масъалаҳо боқӣ мондаанд, то мову Шумо онҳоро мутобиқ намоем. Ва имрӯз мо, ба ҳамаи проблемаҳо, бешубҳа, хотима мебахшем.Шуморо бо Рӯзи таваллудатон муборакбод мекунам! Барои даъвататон ба Шумо як ҷаҳон ташаккур мегӯям.Э.РАҲМОН: Ташаккур!








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






