Вакилон бо фаъолияти «Golzow Betriebs-GmbH» шинос шуданд

Октябрь 11, 2012 14:05

Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз Олмон бозгашт.Сафари ҳайати парлумонии тоҷик, ки дар он вакилон Азизмат Имомов, Нурулло Оқилов, Сабоҳат Муқумова ва Меҳроҷиддин Ҳакимов шомил буданд, бо даъвати Бундестаги Олмон, хусусан гурeҳи дўстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо парлумони Олмон ҷараён гирифт. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни сафар аз ин кишвари аврупоӣ аз маҷмааи ёдбуди ҷанговарони Армияи Сурх дар минтақаи Зееловери Олмон боздид намуда, барои гиромидошти хотираи ҷанговарони қурбоншудаи Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи муҷассама гулчанбар гузоштанд. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамзамон аз калонтарин ширкати кишоварзии Олмон «Golzow Betriebs-GmbH», Маркази Пажуҳишгоҳи соҳаи кишоварзии Лейбнитс дидан намуданд. Бо пешниҳоди раиси Гуруҳи байнипарлумонии Бундестаги Олмон ва Осиёи Марказӣ Дагмар Энкелман вохўрии ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарияти шаҳри Голтсов ва доираҳои сиёсии он, бо роҳбари референти Бундестаги Олмон Томас Ҳадамек ва дигар намояндагони Бундестаги Олмон дидору мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмонро матраҳ намуданд.

Октябрь 11, 2012 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад