Вакилон дурнамои рушди пойтахтро баррасӣ менамоянд
Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 ноябри соли равон дар пойтахт иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосия ҳисоботи муовинони раис, раисони ноҳияҳои шаҳр ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи «Ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷаи шаҳри Душанбе ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷаи шаҳри Душанбе дар даҳ моҳи соли 2012» баррасӣ мешаванд. Ҳамзамон дар иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №16 Ҳайдар Сафиев оид ба иҷрои ваколатҳои худ гузориш медиҳад. Инчунин тасдиқи як қатор қарорҳои раиси шаҳр дар назар аст.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






