Ван Левен Ретер дубора дар вазифаи сафирӣ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Нидерландия Ван Левен Ретер эътимоднома қабул намуда, бо сафири тозаинтихоб масоили ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистону Нидерландия ва дурнамои рушди онро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Нидерландия бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошта, ҷиҳати рушду тақвияти он кор бурда мешавад. Ван Левен Ретер зикр намуд, ки чун Нидерландия дар ҷаҳон аз лиҳози содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешсаф аст, аз ин рӯ бо дарназардошти табодули таҷрибаи мутахассисони ду кишвар ва бо истифода аз ин имконоти мавҷудаи соҳа ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ густариш хоҳад дод. Ба қавли Ван Левен Ретер Нидерландия ҳамчун кишвари фаъоли узви Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати рушди мунтазами Тоҷикистон манфиатдор аст ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки Ван Левен Ретер бори дуюм аст, ки ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Нидерландия дар Тоҷикистон таъйин мешавад. Ӯ то соли 2006 низ дар ин вазифа ифои хидмат намуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






