Вазъи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Айни замон аз 4 минтақи озоди иқтисодии дар ҳудуди се вилояти ҶТ қарордошта, танҳо дар дутои он: дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст,- иттилоъ доданд аз Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-и вилояти Хатлон ду субъект ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, танҳо ҶДММ «Данғара» ба истеҳсоли маҳсулот оғоз бахшидааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», ки масоҳати он 401,6 гектарро ташкил медиҳад, дорои шаш субъект буда, то имрӯз истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст.Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир буда, масоҳати он ҳамагӣ 200 гектар аст. Дар ин ҷо омодагӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ оғоз гардид ва аз ҳисоби буҷа барои сохтмони бинои маъмурӣ 112,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли дуюм аст, ки фаъолият дорад. Дар 6 корхонаи истеҳсолии он дар давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ беш аз 12 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






