Вазирон дар ҶМЧ ҷамъ меоянд
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазирони 10 кишвари Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубӣ барои муҳокимаи масоили рушди равобит ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар шаҳри Вухани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷамъ меоянд. Ин чорабинӣ аз 29 то 31 октябр сурат мегирад. Дар ин бора аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар шаҳри Вухан конфронси 11 — уми вазирони Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар ҳошияи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Барномаи ҳамкорӣ лоиҳаю ибтикоротро дар чор бахши афзалиятнок аз қабили нақлиёт, энергетика, мусоидат ба тиҷорат ба манзури рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани камбизоатӣ дар минтақа дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






