« VINCI» -и фаронсавӣ терминали замонавӣ месозад
Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик ширкати фаронсавии «VINCI» дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали замонавии ҷавобгў ба стандартҳои байналмилалиро бунёд менамояд. Вобаста ба ин масъала палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 10 октябр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон «Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 1 майи соли 2009» ва «Созишномаи иловагӣ ба Протоколи молиявӣ аз 1 майи соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса»-ро, ки 29 июни соли 2012 ба имзо расидааст, тасдиқ намуд. Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар дар назди вакилон гуфт, ки барои татбиқи ин лоиҳа 39 миллион евро ҷалб шудааст, ки 20 миллион еврои он қарзи имтиёноки Ҳукумати Фаронса буда, 19 миллион еврои дигар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи /ҶСК/«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» муайян гардидаст. Қарзи ҷалбшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» азнав қарздиҳӣ шудааст. Тибқи он муҳлати қарз 20 сол, давраи имтиёзнокӣ 5 сол, меъёри фоизи солонаи қарз 3 % муайян карда шуд. Қаблан байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати фаронсавии «Alpha airport SOFEMA Group» ба маблағи 26, 9 миллион евро қарордод баста шуда буд. Дар охири моҳи марти соли равон қарордоди мазкур бо мақсади аз уҳдадории худ набаромадани пудратчии лоиҳа- ширкати фаронсавии «Alpha airport SOFEMA Group» дар назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ин санад бекор гардид. Бо пешниҳоди Ҳукумати Фаронса қарордоди нав бо ширкати дигари фаронсавӣ «VINCI» ба маблаги 39 миллион евро баста шуд. Бояд тазаккур дод, ки имзои Созишномаи мазкур аз ҷониби парлумони кишвар ба рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ,баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳ ва тақвияти бахшҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳуриамон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






