Вохӯрӣ бо адиби номдор
Ҳисор, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ба номи устод Садриддин Айнии шаҳраки Ҳисор бахшида ба 70- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Кароматуллоҳи Мирзо вохӯрӣ баргузор гардид. Нависандаи маҳбуб дар бораи эҷоди ҳикоя, очерк, қисса ва романҳояш нақл намуд. Дар байни хонандагон ва адиб оид ба осори ӯ муколамаи судманд доир гашт.Дар ҷамъомад адибони маъруф Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло, Султонмуроди Одина, Ҳидоятулло Раҳмонӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






