Вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Русия

Октябрь 5, 2012 15:16

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Имрӯз дар бинои «Душанбе-Плаза» вохӯрӣ бо иштироки тоҷирони саршинос ва ходимони ҷамъиятии ҳайати бонуфузи Русия ва намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратию соҳибкории кишвар, коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.   Мақсади вохӯрӣ баррасии дурнамои ҳамкории доираҳои соҳибкории ду кишвар, ҷалби сармояи ҷониби Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва эҳтимолияти шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мебошад. Инчунин дар нишаст вобаста ба дурнамои ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистону Русия, мавзӯи Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус, ки ба сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратии кишвари мо таъсири назаррас дошта, аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд, сухан гуфтанд. Тавре ки иштирокчиён иброз намуданд, аз се як ҳиссаи гардиши маҳсулоти хориҷии мо маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ рост меояд. Аз ин рӯ, дурнамои рушди Тоҷикистонро ҳамкориҳои зич ва анъанавӣ бо аъзои ин Иттиҳод, махсусан Русия муайян хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки иқдомгузор ва ташкилкунандаи ин чорабинӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.

Октябрь 5, 2012 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад