Ёрии башардӯстона
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 38 давлати хориҷи дуру наздик ба маблағи 46 млн. 584 ҳазор доллар ё ба андозаи 13 ҳазору 341 тонна кӯмакҳои башардӯстона расонида шудааст,- иттилоъ доданд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз кӯмакҳои башардӯстона 8 ҳазору 529 тоннаашро орд ва 514 тоннаашро равғани растанӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 19 млн. 435 ҳазор доллар доруворӣ, ба миқдори 1 млн. 406 ҳазор доллар либос, инчунин пойафзол, кӯрпаю болишт, маҳсулоти озуқа, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ғайраҳо ворид гардидааст.Аммо манбаъ дар бораи ба кадом минтақаи ҷумҳурӣ, дар кадом ҳаҷм ё маблағ интиқол ёфтани кӯмакҳои башардӯстона изҳори бехабарӣ кард.Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА, Нидерландия, Чин, Миср Латвияю Эрон дода шуд. Миёни ИДМ Русия бо 11,5 фоиз ва Қазоқистон бо 3,1 фоиз таносуби бештар доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






