Забон — рамзи ҳуввияти миллӣ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар толори фарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ-рамзи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ» конфронси илмию методии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конфронсро ректори донишкада, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршедҷон Зиёев ифтитоҳ намуда, гуфт, ки маҳз дар даврони истиқлолият забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ташаккул ёфт. Дар конфронс устодони кафедраи забони тоҷикӣ- номзади илми филология Саодатшо Матробов дар мавзӯи «Нигоҳе ба таърихи забони тоҷикӣ», номзади илми филология Маҳбуба Бобомуродова дар мавзӯи «Забони миллӣ—омили худшиносӣ ва бакои миллат» ва Акбаршо Шосаидов дар мавзӯи «Забондонӣ тақозои замон ва омили пешрафти ҷомеа» маърӯза карданд. Дар конфронс инчунин мутахассисон Шодмон Мансуров, сардори шӯъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфиддин Мирзозода, мудири гурӯҳи яғнобшиносии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






