Задухӯрд дар Дарфури Судон
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи Дарфури Судон гуруҳи силоҳбадастони номаълум неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Африқоро мавриди ҳамла қарор дод. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ, зимни ҳуҷуми ногаҳонӣ 42 нафар ба ҳалокат расид. Бояд гуфт, ки неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Африқо ба минтақаи Дарфури Судон соли 2007 –ум сафарбар гардида буданд. Дастикам 4 нафар аз неруҳои посдори сулҳи Нигерия низ дар пайи чунин як ҳамла дар манотиқи ғарбии минтақаи Дарфури Судон ҷон бохтанд. Тавре ки хабар дода мешавад, силоҳбадастон шабона маҳали будубоши неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Африқо ва Созмони Милали Муттаҳидро ба муҳосира кашидаанд. Неруҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид низ зарбаи ҷавобӣ заданд. Дар хусуси теъдоди талафоти ҳамлагарон то ҳол маълумоти мушаххас дода нашудааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






