Журналистон сертификат гирифтанд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 23 октябр дар кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари хотимавии клуби журналистони бахши экология баргузор гардид. Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Ҳикматулло Назиров зимни суханрониаш аз номи роҳбарияти кумита ба журналистон барои иштироки фаъолонаашон дар семинари ҳармоҳаи клуб изҳори миннатдорӣ карда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба инъикоси масоили бахши ҳифзи муҳити зист ва татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб намуд. Дар анҷоми семинар Ҳикматулло Назиров ба журналистони бахши экология, аз ҷумла ба Аёзов Маҳмуд – радиои «Тоҷикистон», Ёқубов Ҷамолиддин — сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзгоҳ», Мустафоқулов Шералӣ — корманди шабакаи аввал телевизион, Назиров Назир – АМИТ «Ховар», Сайфиддин Суннатӣ — рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Шарифов Далер – телевизиони «Сафина», Усмонов Мансур – радиои «Садои Душанбе», Зунунова Марҳабо – АМИТ «Ховар» ва ба дигарон сертификат супурд.Хотирнишон месозем, ки клуби журналистони бахши экология соли 2011 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






