1 нафар фавтида ва 33 нафар дар беморхона
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Дирӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади аёдати сокинони ноҳияи Зафаробод, ки дар натиҷаи истеъмоли газаки помидор заҳролуд гардида буданд, ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф овард. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни табобат ва муолиҷаи беморон шинос шуда, аз шароити хизматрасонии табибон, вазъи саломатии бистаришудагон пурсон шуд ва ба масъулин дастур дод, ки ба таъмин бо доруворӣ ва хизматрасонии табибон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад. Бояд қайд намуд, ки чунин ҳодиса 28-уми октябр дар ноҳияи Зафаробод ба амал омад. Дар рӯзи маъракаи оилавии хонадони Назировҳо меҳмонон ҷамъ омада, аз омехтаи помидору бодиринг ва карами консервашуда истеъмол намуда, ба бемории ботулизм гирифтор шуданд. 30-юми октябр бо аломатҳои ин беморӣ шаҳрванди ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Мастура Назироваи 31- сола дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардид ва бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби духтурон фавтид. Тамоми иштирокдорони маъракаи оилаи Назировҳоро ба беморхона оварда, аз назорати тиббӣ гузарониданд. Феълан, 7 нафар дар шуъбаи эҳё ва 26 нафар дар шуъбаҳои умумии беморхона бистарӣ гардида, табобат мегиранд. Яъне, дар маҷмуъ аз аломатҳои бемории ботулизм 1 нафар фавтида ва 33 нафар бистарӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






