Қадами дигаре дар роҳи муқовимат бо коррупсия
Душанбе, 8 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон 8 ноябр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуд. «Лоиҳаи қонун асоси ҳуқуқӣ ва ташкили гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор ва бартараф кардани омилҳо ва сабабҳои ба амаловарандаи коррупсия, шароити ба паҳншавии коррупсия мусоидаткунандаро дарбар мегирад», гуфт зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Фаттоҳ Саидов-раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонун омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия , ки ба ҳуқуқтатбиқкунанда ваколатҳои васеи фармонравоӣ, ихтиёрдорӣ ё имконоти татбиқи беасоси истисно аз қоидаҳои умумиро муқаррар менамояд, объектҳои зиддикоррупсионӣ , мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ, асосҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии хусусияти умумиҳатмидоштаро пешбинӣ намудааст. Фаттоҳ Саидов афзуд, ки лоиҳаи қонун ҳамзамон тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба ин раванд ҷалб намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро дар бар гирифтааст. Лоиҳаи мазкур заминаи татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани обрўю эътибори Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо коррупсия таъмин менамояд. Лоиҳаи қонун аз 3 боб ва 13 модда иборат аст. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва вазорати адлияи кишвар субъектҳои ваколатдор барои гузаронидани экспертиза ба шумор мераванд. Тибқи лоиҳаи қонун асоси муҳим барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ мониторинги татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсия ва инчунин экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба тартиби пешбининамудаи қонун ба сифати эксперт шахси воқеие, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносист ва собиқаи на камтар аз 5- солаи кор рўи ихтисос дорад, ҳамчунин ташкилоти ҷамъиятие, ки дорои се мутахассиси ба талаботи мазкур ҷавобгў мебошад, амал карда метавонад. Нисбат ба ин масъала Маҳмадалӣ Ватанов-раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони кишвар гуфт, ки лоиҳаи қонун дар самти пешгирии коррупсия нақши муассир дорад. Вай афзуд, ки агар дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ имконияти бо мақсадҳои коррупсионӣ истифода намудани онҳо маҳдуд шавад, ин беҳтарин роҳи мубориза бо коррупсия хоҳад буд. Муроҷиати ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсия асос мегардад.








Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид






