Қарори Ҳукумат дар Истаравшану Ёвон иҷро гардидааст?
Душанбе, 2 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нимаи дуюми имрўз дар палатаи поёнии парлумони мамлакат- Маҷлиси намояндагон муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок менамоянд. Муҳаммадато Султонов –котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар муҳокимаи парлумонӣ раванди иҷрои Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» баррасӣ мегардад. Интизор меравад, ки иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ роҷеъ ба масоили мазкур табодули назар намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






