Қурби асъор дар Душанбе боло рафт?

Ноябрь 9, 2012 17:22

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар». Зарангез Латифова).- Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шахри Душанбе қурби доллари ИМА каме боло рафта, дар атрофи 4,83 сомонӣ харид ва 4,85 сомонӣ фурӯш қарор дорад. Ҳамчунин қурбҳои миёна низ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфтаанд. Хариди 1 рубли русӣ ба 0,149 ва ба 0,150 сомонӣ дар фурӯш гузошта шуда, 1 евро ба 6 сомониву 16 дирам харида шуда, дар фурӯш ба 6 сомониву 19 дирам баробар шудааст. Ба иттилои Бонки миллӣ , сабаби болоравии қурби асъор дар кишвар воридоти зиёд ва камшавии содироти хизматрасониҳо мебошад.

Ноябрь 9, 2012 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард