Қурби доллари ИМА тамоюли пастшавӣ дорад
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Давоми чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ тамоюли пастшавӣ дошта, ба ҳисоби миёна доллари ИМА ба бо арзиши 4,8460-4,8650 сомонӣ хариду фурӯш мешавад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар ин давра каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1540-0,1549 ва 6,2020-6,2260 сомонӣ баробар шуданд. 22 ноябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст фаромада, дар ҳудуди 4,8500-4,8600 сомонӣ қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






