Ҳафтаи садамаҳои маргбор
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Ба иттилои корманди шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов тайи ҳафтаи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 26 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 10 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Бештари садамаҳои нақлиётӣ аз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баромадан ба самти муқобили ҳаракати роҳ, риоя накардани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва идора карда натавонистани мошин рух додаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






