Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Аз 13 то 16 ноябр Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Маросими оғози ҳафта аз ярмаркаи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе оғоз меёбад. Ин чорабинӣ бо чунин созмонҳои таҳсилотӣ, монанди ACCELS. Educotion USA, IREХ, OSI, Маркази фарҳангии «Бохтар» роҳандозӣ мешавад. Ҳар созмон иштирокдорони ярмаркаро бо барномаҳои таҳсилотӣ шинос карда, дар бораи имкониятҳои таҳсилот хабар дода, ҳамчунин ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб медиҳад. Аз 14 то 16 ноябр дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотию таҳсилотӣ роҳандозӣ мешаванд. Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






