Ҳайати парлумонӣ озими шаҳри соҳили Нева мегарданд

Ноябрь 21, 2012 15:43

Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми имрўз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегардад. Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри соҳили Неваи Русия иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, иҷлосияи умумии 38-умини ин созмон, ҷаласаи Бюрои АБ давлатҳои аъзои ИДМ , ҷаласаҳои АБ Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Интизор меравад, ки ҳамзамон ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар конфронси байналмиллалӣ, ки дар мавзўи «Чингиз Айтматов: якпорчагӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо» ва маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба осори Чингиз Айтматов ва дар ҳамоиши илмии АвруОсиёӣ таҳти унвони « Якпорчагии иқтисодии АвруОсиё: ташаккул ва рушд» иштирок намояд. Дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Санкт-Петербурги Русия бо раисони парлумонҳои кишварҳои ИДМ мулоқот намояд.

Ноябрь 21, 2012 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд