Ҳалокати 379 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ

Ноябрь 10, 2012 14:25

Душанбе, 10 ноябр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар роҳҳои мошингардӣ ҷумҳурӣ 1169 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, 379 нафар ба ҳалокат расида, 1303 нафарашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз ҷумла, 9 ноябри соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садама рӯх дод, ки боиси марги як нафар ноболиғ гашт. Ҳамчунин дар тахрихи ҳамин рӯз ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи BMW-520 таҳти идораи ронанда Тимур Тимофеев ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленин бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Ҳусейнов Комилҷони 8 соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмони бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Ноябрь 10, 2012 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд