Ҳалокати марговар дар чуқурии 15 метр

Ноябрь 26, 2012 14:42

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Дирӯз дар вилояти Хатлон соати 12:50 мошини тамғаи “УАЗ”452-А таҳти идораи ронанда Баҳром Абдулҳакимови 24- сола, сокини ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 15 метр чапа мешавад, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои корманди шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ се садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.

Ноябрь 26, 2012 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад