Ҳалокати шаҳрванди ҶТ бар асари сӯхтор
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 1 ноябр бар асари сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматии қисми ҷануби шарқии шаҳри Маскав як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардид.Тавре ки намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, сокини 21 – солаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Далер Холиқов бар асари ин сӯхтор ҳалок гардид. Алҳол мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия зимни ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати зудтар тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба ватан фиристодани ҷасади марҳум чора мебинад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






