Ҳ. Алтер: «Дурнамои ҳамкориҳои мо нек аст»

Ноябрь 5, 2012 14:54

Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Сафари кории ҳайати парлумонии Швейтсария ба Тоҷикистон дар густариши робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт», гуфт зимни мулоқоташ Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Ҳанс Алтер- Президенти Шўрои Кантонҳои Парлумони Конфедератсияи Швейтсария. Мавсуф афзуд, ки ҳамкориҳои парлумонӣ имкон хоҳад дод, ки дар оянда сатҳи робитаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ мутобиқ ба сиёсати дўстонаи сарони кишварҳо вусъати тоза касб карда, парламентарҳои давлатҳо бо фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин самт саҳми босазо хоҳанд гузошт.Ҳанс Алтер -раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария дар навбати худ гуфт, ки дар оянда ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ аз имкониятҳои мавҷуда ва салоҳияташ истифода менамояд.Тибқи иттилои Шавкат Саидов- ёвари раиси Маҷлиси миллӣ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, мусоҳибон маҷмўи масъалаҳои дигари вусъати ҳамкориро матраҳ намуданд.

Ноябрь 5, 2012 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд