Ҳамкории байни Тоҷикистону Беларус ривоҷ меёбад

Ноябрь 2, 2012 11:59

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 1 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.Тавре ки аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масоили мубрам ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи фаъолияти ҳар ду мамлакат табодули афкор баргузор гардид. Ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Сафаралӣ Наҷмиддинов зикр намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Беларус мебошад. Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории байни Тоҷикистону Беларус минбаъ ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Ноябрь 2, 2012 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе